Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказиро таҳти сарварии раиси Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бешкек хонум Севал Гузелкилинч ба ҳузур пазируфт.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба густариши ҳамкориҳои ду сохтор дар бахши мудофиаи гражданӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодатаъкид кард.
Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон бо фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда шинос карда шуданд. Инчунин самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба бо Салиби Сурхи Олмон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуданд.
Ду ҷониб масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Тезонидани фаъолияти маҳаллӣ дар шароити бӯҳронҳои башардӯстона ва тиббӣ»-ро баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҷонибдории худ азгустариши ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида таъкид карданд.