29 апрели соли 2025, соати 09:20 як марди 36-солаи сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ки дар мағозаи ҶДММ «Амид» ба ҳайси нонпаз кор мекард, ҳангоми тайёр кардани хамир тасодуфан дасти чапашро ба мошини калоне, ки хамир меомезад, мегузорад.
Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса расида, дастгоҳи хамиргариро ба қисмҳо ҷудо карданд ва дасти ҷабрдидаро аз таҷҳизоти хамиргарӣ озод карданд.
Ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонданд ва сипас ба бемористон шаҳри интиқол доданд.
КҲФ ёдовар мешавад, ки шаҳрвандон ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Беэҳтиётӣ сабаби ҳар фоҷиа шуда метавонад!