Кумаки Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ба зарардидагони заминларзаи Рашту Тоҷикобод

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист 29 – уми апрели соли 2025   маросими қабул ва интиқоли кӯмак ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баргузор гардид.

Дар лаҳзаи ирсоли ёриҳои башарӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода ва роҳбарияти Агентии Оғохон оид ба зисти зист иштирок намуданд.

Ин кумаҳо аз сӯзишвории дизелй-3000 литр, кӯрпаву бистар-480 дона, лавозимоти пухтупаз-100 адад иборат буд.

Муовини раиси КҲФ ба роҳбарияти Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои кумакҳои расонидашуда изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки ин ёриҳои башарӣ сари вақт ба навоҳии Рашт ирсол ва миёни ниёзмандон тақсим карда хоҳад шуд.

барчасп: