КҲФ: Хатари омадани селҳо дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ боқист!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-28 апрели соли 2025 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, сафарҳои сайёҳӣ ба кӯҳу пуштаҳои худдорӣ кунанд.

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекнад ҳангоми ҳаркат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, бахусус ағбаҳо эҳтиёт кунанд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. Суръати ҳаракатро боло набаранд.

Аз сокинон хоҳиш мешавад дар ин рӯзҳо муваққатан аз рафтани ба даманакӯҳҳои ҷиҳати ҷамъоварии гиёҳони дорувор, шикор, чорвочаронӣ ва ҳузур дар соҳили обҳо барои моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

 

барчасп: