25 апрели соли 2025 кумаки навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба осебдидагон аз заминларза дар минтақаҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид.
Аз рӯзҳои аввали заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод раванди рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва тадбирҳои расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолии осебдида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Аз ҷумла, рӯзи 15-уми апрел дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо аз маҳсулоти хӯрокворӣ, колоҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуданд.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 апрел дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи ҳукумат, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод оид ба ҳарчи зудтар ва пурра бартараф намудани оқибатҳои заминларза, ҳалли мушкилоти ба миёномада дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор тақозо намуданд, ки ҷиҳати зудтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ба ашхоси осеби ҷисмонидида, назорати қатъии вазъи беҳдоштиву эпидемиологии минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин намудани сокинон бо доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ бояд бидуни монеа идома ёбад.
Қобили зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати инсондӯстонаву башрдӯстонаи Сарвари давлат сарчашма мегиранд, расонидани ёрии ҳамаҷониба ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи навоҳии Тоҷикобод ва Рашт идома ёфта, сохтмони биноҳои истиқоматии комилан харобшудаи сокинони ду ноҳия оғоз гардида, ба сокинони биноҳое қисман хисорот расонида шудааст, барои барқароркунии зарари расида масолеҳи сохтмон ва ёрии яквақтаи пулӣ, маводи ғизоӣ ва ғайра расонда шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ниёзмандон ба ҷойҳои амн кӯчонида шуда, бо хайма, ашёи рӯзгор ва маводи ғизоӣ таъмин карда шуданд.
Миқдори зарурии кумакҳо иборат аз семент, хишт ва тахта дар давоми як рӯз ба манотиқи осебдидаи навоҳии Рашту Тоҷикобод расонида мешавад.