Заминларза дар кишвар

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 25-уми апрели соли равон соати 01:37 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази ин заминларза 168 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 29 километрии шарқи ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 3 балл ва дар ноҳияҳои Рашт 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

 

барчасп: