Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, заминларзаи рӯзи 24-уми апрели соли 2025, дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳичборак, Аскалон ва Қалъаи Сурх ин корҳо роҳандозӣ шуданд:
24 апрели соли 2025, Комиссияи муштарак дар ҳайати муовини раиси ноҳия, мутахасисони Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, раисони ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳиҷборак ва Қалъаи Сурх бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонаҳои истиқоматии зарардидагони заминларза дар деҳаҳои Ярхаб, Ярхаби чуқурак, Хулак ва Қалъаи ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак дидан намуданд.
Рӯзи 24 апрели соли 2025, аз тарафи Агентии захираҳои моддӣ масолеҳи сохтмонӣ аз қабили семент ба 20 оилаи қисман зарардидаи ҷамоати деҳоти Аскалон тақсим карда шуд.
Барои бор намудани масолеҳи сохтмонӣ 30 нафар сарбоз аз қисмӣ ҳарбии 45075 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва барои тақсимоти семент 4 афсари шуъбаи Кумита ва дастаи махсуси зудамали наҷоти минтақаи Рашт сафарбар гардида, 3 адад автомашинаи боркаши Кумита барои кашонидани семент ҷалб гардидаанд.
Ҷиҳати гузаронидани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, заминларзаи баамаломада санаи 24 апрели соли 2025, аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор хонаҳои истиқоматӣ, ки дар ноҳияи Тоҷикобод натиҷаи офати табиӣ зарар дида буданд, санҷида шуд.
24 апрели соли 2025, 60 тонна семент аз тарафи Агентии захираҳои давлатӣ ҷудо гардида, барои тавзеҳи он сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул карда шуданд.
Ҳамчунин 1 адад техникаи муҳандисӣ барои гузаронидани корҳои тахту ҳамворкунӣ ҷалб гардида, ҳамзамон ба 12 хонаҳои қисман зарардида 5,5 тоннагӣ семент тақсим шуд.
Корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.