“Рӯзи дарҳои боз” дар Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

Дар асоси Нақшаи асосии кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодава мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи дарҳои боз баргузор намуд.

Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён дар бораи тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва баъдидипломӣ, инчунин оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз таҳдидҳои табиӣ ва техногенӣ маълумот дарёфт карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ таҷҳизот ва воситаҳои техникии ҳангоми корҳои наҷот ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ истифодашавандаро намоиш дода, кормандони Маркази таълимию методии Раёсат ба саволҳои сершумор посух доданд.