Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заминларзаи нав дар қаламрави кишвар хабар дод, ки рӯзи 24-уми апрели соли равон соати 02:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.
Бино ба гузориши манбаъ маркази ин заминларза 176 килеметр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 38 километрии шарқи ноҳияи Рашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 4 балл ва дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.