Ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ рӯзи 23 апрели соли 2024 дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳичборак, Аскалон ва Қалъаи Сурх чунин корҳо ба роҳ монда шуд.
Аз ҷониби Комиссияи муштарак дар ҳайати муовини раиси Ҳукумати ноҳия, мутахасисони Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳиҷборак ва Қалъаи Сурх бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавҷулодда генерал-майор Ҳотамшо Латифзода аз хонаҳои истиқоматии зарардидаи деҳаҳои Аскалон, Саришухон, Шархо, Кул, Зиҳибеди ҷамоати деҳоти Аскалон ва дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Моҳихоса ва Яхакпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, Лангараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх такроран санҷида шуд.
Аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида, 5 ҳазор сомонӣ ва ба ҳар як 72 оилаи қисман зарардида 2500 сомонӣ, ба 89 оилаҳои зарари сабук расида 1500 сомонӣ, дар умум 483,5 (чорсаду ҳаштоду се ҳазору панҷсад сомонӣ) кӯмак расонида шуд.
Шуъбаи профилактикии ноҳияи Рашт дар деҳаҳои Уштурпаст, Махсумо, Ярхаби Чуқурак, Хулаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ба 30 оила маводи безараргардонӣ (хлор) тақсим карда шуд.
Барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида дар деҳаи Зарангаки ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, 2,8 га замин ҷудо гардида, худи ҳамин рӯз ба 19 оила замин тақсим карда шуд.
Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як 70 оилаи зарардида маводи озуқаворӣ, аз қабилӣ: орд 50 кг, шакар 20 кг, равған 5 литр, макарон 20 кг, ба миқдори 500 сомонӣ маблағ дар умум ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Корҳои бартараф намудани паёмадҳои зилзила дар минтақа идома дорад ва маълумоти иловагӣ пешкаш мешавад.