КҲФ: Озмун эълон мекунад!

Муҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои интихоби довталабон барои дохилшавӣ ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия озмун эълон мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби довталабон барои дохилшавӣ ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия барои соли таҳсили 2025 озмун эълон мекунад. Дар озмун писарони аз 17 то 24-сола иштирок карда метавонанд.

Таҳсилот дар самти «Бехатарии техносферӣ» (ихтисоси «Ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда») гузаронида мешавад.

Довталабон аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ аз забони русӣ, физика, математика ва стандартҳои санҷиши омодагии ҷисмонӣ қабул карда мешаванд.

Мӯҳлати таҳсил дар зинаи «Бакалавр» 4 сол. Шакли таълимӣ рӯзона.

Онҳое, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, бояд то 15 майи соли 2025 ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии  Кумита ариза пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи: 734013, Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26, Раёсати кадрҳо, телефон барои маълумот (+992 37) 227-71-81, +992800-66-00-01, факс: 221-91-19 қабул карда мешаванд.

барчасп: