Ҷамъоварии чукурӣ барои сокини Варзоб фоҷеа овард

Дар оғози фаслии баҳор манзараи кӯҳҳо диққатҷалбкунанда аст. Як сӯ сабзаҳои навдамида, як сӯ гулҳои нашукуфта ва чашмаҳои хурӯшон бидуни шак таваҷҷуҳи бинандаро ба худ мекашад. Аммо кӯҳбароӣ қоидаҳои хоси худро дорад, ки риоя накардани он хатарҳое ба ҳаёти инсон дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи сомонаи худ борҳо дар ин бора навиштаву муҳимтарин қоидаҳои кӯҳгардиро ҳам баён кардааст. Аммо мутаассифона, ҳамоно шаҳрвандон кутоҳӣ мекунанд, гӯш ба маслиҳату машварат намедиҳанд ва сӯи хатар по мегузоранд ва боиси фоҷеа мешаванд.

Чунончӣ, 7-уми апрели соли равон як сокини 32-солаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб  ҳангоми ҷамъоварии гиёҳони дорувор дар наздикии мавзеъи Санги Фалахмони ноҳия аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҷарӣ сарозер шуд. Хушбахтона, телефони ҳамроҳ дошт ва имдодагронро ба ёрӣ даъват намуд.  

Барои расонидани кумак ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони навбатдори КҲФ расиданд. Онҳо бо ёрии ресмони кӯҳбароӣ ба ҷарӣ нишеб шуданд ва ба ҷабрдида ёрии аввалии тиббӣ расонданд. Баъдан ӯро бо занбари тиббӣ боло оварданд.

Мавсуф бо ҷароҳати вазнин ва хуни зиёди рафта ба бемористон бистарӣ карда шуд. 

Кумита як бори дигар аз шаҳрвандони хоҳиш мекунад то 11-уми апрели соли равон аз рафтани ба кӯҳу доманакӯҳҳо, шикор, ғунучини ҳезуму гиёҳон ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд. 

барчасп: