Конфронси илмӣ-назариявии ҳифизи пиряхҳо дар Кумита

4-уми апрели соли 2025 бо ташаббуси Шуъбаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Кумита дар ҳамкорӣ бо Агентии Оғохон оид ба макони зист, конфронси илмӣ–назариявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон бахшида ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани “Соли  2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар мавзуи “Пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар шароити тағйирёбии иқлим, пиряхҳо ва об: усулҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи технологияи муосир мартуб ба об, иқлим, пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим” баргузор гардид.

Гуфтанист, ин нишаст дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки қарор аст рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир шавад, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита роҳандозӣ шуд.

Дар конфронс, муовини раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода ва сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, генерал-майор Ҷамшед Камолзода ширкат ва нишастро ифтитоҳ намуданд.

Дар конфронс ҳамчунин мутахассисони соҳаҳои гуногун аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷик НИИГиМ), Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон (Маркази яхшиносӣ ва барфу тармасанҷӣ), Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология), Вазорати мудофиаи Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисон аз Дастгоҳи Марказӣ зерсохторҳои Кумита дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла:

  • таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва идоракунии хавфи офатҳои табиӣ;
  • аҳамияти коркарди реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим ва пайдоиши ҳодисаҳои фавқулодда;
  • низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблии кӯли  Сарез;
  • обшавии пиряхҳо ва чораҳои пешгирикунанда барои ҳифз ва устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим;
  • чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд: Низоми огоҳсозии қаблӣ барои ҳама; 
  • фаъолияти Ҷамъияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва системаи огоҳкунии бармаҳал;
  • Нақши Стратегияи миллии Ҷумуҳрии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии дар мавзӯъи тағйирёбии иқлим;
  • барномаи мобилии “SOS”-и Кумита ва дигарҳо баромад карда шуданд  ва ғайра суханронӣ намуданд.

Конфронси мазкур барои саҳми Кумита дар мавзуъи марбут натиҷа дода, инчунин табодули таҷриба ва дар оянда ташкил ва роҳандозии чунин конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки мутахассиони соҳаҳо аз вазорату идораҳо ва ташкилоҳои хориҷӣ ба манфиати фаъолияти Кумита мегардад.

Ҷалолиддин Икромзода,
сардори Шуъбаи ҳифзи
радиатсионӣ, кимиёвӣ
ва биологии Кумита.

барчасп: