Суҳбат атрофи сӯхтор дар КҲФ

4 апрели соли 2025 вохӯрии ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Алишер Иброҳимзода баргузор шуд.

 Дар баромади худ оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома дар бораи назорати давлатии сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 3 майи соли 2010, № 234 қабул шудааст, суханронӣ намуда, инчунин оид ба вазъи бехатарии сӯхтор дар муассисаҳо ва вазифаҳои нигоҳ доштани режими зарурии бехатарии сӯхтор маълумот дод.

Тавре Алишер Иброҳимзода қайд намуд, дар риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор омили инсонӣ нақши муҳим дорад ва ин комилан аз сатҳи ташкили корҳо оид ба таъмин ва нигоҳ доштани режими зарурии бехатарии сӯхтор вобаста аст.

Мавсуф таъкид дошт, ки дар назди роҳбарону масъулин ҷиҳати таъмини бехатарии сӯхтор, инчунин, пурра бартараф намудани қонуншиканиҳои мавҷудаи талаботи бехатарии сӯхтор вазифаҳои иловагӣ гузошта шудаанд.

барчасп: