Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

3 апрели соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи рпаёсат баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳайати шахсии Раёсат ширкат намуд.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: ҳисобот оид ба фаъолияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2025, рафти иҷрои вазифаҳои қабулшудаи ҷаласаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рӯи натиҷаҳои соли 2024, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2020 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019-2030”.

Дар маҷлис чорабиниҳои муҳимтарини дар семоҳаи аввал гузаронидашуда, муваффақиятҳои бадастомада ва нуқсону камбудиҳо дар кор, инчунин муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ дар семоҳаи дуюми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҳисоботи роҳбарон оид ба масъалаҳои ба миён гузошташуда  шунида шуд.

 

барчасп: