Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба аҳолӣ муроҷиат кардааст, ки дар ҳавои номусоид, аз ҷумла бориши барфу борони шадид аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳону доруворӣ, ғунучини ҳезум, шикор, рафтан ба соҳили обҳо ба моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Аммо мутаассифона, на ҳама ба чунин огоҳиҳои саривақтӣ гӯш фаро медиҳанд.
Чунончӣ, дар қаламрави кишвар як ҳодисаи нохӯш ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона боз як сокини кишвар ба ҳалокат расид.
2 апрели соли 2025 наздик ба соати 8-и субҳ як сокини 34-солаи деҳаи Паткунови ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо мақсади ҷамъоварии чукурӣ ба кӯҳҳои назди деҳа рафт. Азбаски баъди боронҳои шадиди рӯзҳои гузашта замин намноку лағжонак буд, пояш лағжид ва аз баландии 60 метр ба зер сарозер шуд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон аз даст дод.
Ҷасади ин мард аз ҷониби сокинони деҳа соати 15 вақти маҳаллӣ пайдо ва ба хешовандонаш супурда шуд.
Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои ҳавои номусоид ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии ҳар гуна гиёҳони дорувор, ҳезуму алаф, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ нараванд.
Қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Риояи ин қоидаҳо гарави бехатарии худи шумост!!!