Наврӯз яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз қадимулайём то имрӯз мардумро бо арзишҳои олии инсонӣ, дӯстию иттиҳод, созандагиву ободонӣ, инсонпарварӣ ва шукргузории бепоён аз неъматҳои табиат фаро гирифтааст.
31 марти соли 2025 бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита чорабинӣ баргузор гардид. Барномаи ҷашн бо ташкили намоишномаи Наврӯзӣ кушода шуд, ки дар он намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои театрӣ ва мусиқӣ, ки гуногунрангии минтақаҳои Тоҷикистон ва хусусиятҳои фарҳангии онро равшан инъикос мекунанд, иборат буд. Лаззати нотакрори қисми намоишии ҷашнро дастархонҳои ба таври анъанавӣ гузошташуда бо нозу неъматҳои таомҳои миллӣ ва атрибутҳои маросимии Наврӯз бахшиданд. Фарзандони кормандони Кумита шеърҳо қироат карданд, ки дар онҳо баҳору ҷашни Наврӯзро васф мекарданд.
Муовини якуми раиси Кумита генерал-майор Латифзода Ҳ. бо сухани табрикӣ ба ҳозирин муроҷиат намуд.
Зимни суханронӣ ӯ аз ташаббусҳои баланди инсондӯстонаи Сарвари давлат зикр кард, ки ба шарофати он ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуда, 21-уми март ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон гардид.
Қисмати консертӣ аз диапазони баҳории номераҳои вокалӣ ва рақси иборат буд, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ ва кормандони Кумита омода карда шудаанд.