Кормандони шуъбаи кор бо ҷомеаи Дастгоҳи марказӣ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва се вилояти кишвар, ҳамчунин кормандони Кумита дар минтақаи Рашт зинаи аввали дарсҳои омӯзишии такмили ихтисосро ба поён расонданд.
Дарсҳо бар асоси созиши ҳамкориҳои дуҷониба бо Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Дарсҳои омӯзишӣ тибқи барнома аз 40 соат иборат буданд ва омӯзиши усулҳои инноватсионӣ дар мавриди беҳбуди кор дар медиаи анъанавӣ ва рақамӣ, равишҳои нави ирои иттило, навиштани матнҳо, барномаҳои аудиоӣ, аз худ кардани низомҳои наворбардорӣ бо камераҳои гуногун ва ғайраро фаро мегирифт.
Дарсҳо ҳам назариявӣ буданд ва ҳам амалӣ ва тӯли як ҳафта ширкаткунандагон имкон доштанд, назарияро бо амалия бипайванданд.
Қарор аст давраи баъдии ин дарсҳо то охири сол баргузор шаванд.