Наҷоти се тани дигар дар оби дарёи Сир

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафарро аз хатари ғарқ шудан дар об наҷот доданд. Ду нафари онҳо  мардон ва яке хонум - сокинони ноҳияҳои Деваштич ва Спитамен будаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин се тан дар ҷойи мамнуъ барои шиноварии дарёи Сир дар қаламрави шаҳри Хуҷанд шиноварӣ мекарданд. 

Истироҳаткунандагон шинокунон аз соҳил дур рафтанд ва намедонистанд, ки дар бозгашт қувваи онҳо барои то соҳил шино кардан намерасад.

Наҷотдиҳандагони навбатдори Раёсати Кумита онҳоро фавран ба соҳил расонданд. Онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҷиддан қоидаҳои бехтариву амният дар обҳоро ҳангоми истироҳат риоя кунанд ва кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд. 

барчасп: