Дирӯз дар хабаре хондам, ки антисиклон ҳавои гармро дар Қазоқистон нигоҳ медорад. Табиист, ки ин ба Тоҷикистон низ дахл дорад. Аммо суоли ман дар бораи истилоҳи антисиклон аст. Ин чист ва чӣ хатар дошта метавонад?
Азизмуҳаммад Шарифов, шаҳри Душанбе
ПОСУХ: Оре, гармои шадид, ки хабарашро дар бораи Қазоқистон хондед ва ҳамин гуна хабарҳоро мо дар бораи Тоҷикистон дорем, хоси тобистон аст. Дар гузашта ҳам тобистони диёр гарм буд, аммо тағйири иқлим таъсири бештар расон ва ин гармо назар ба солҳои пеш шадидтар ва тӯлонитар меояд. Ҳамарӯза мо шоҳиди ин ҳолем. Ва аллакай медонем, ки ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар аввали даҳаи моҳи июл то ба 44 дараҷа боло меравад.
Ва аммо дар бораи истилоҳи АНТИСИКЛОН. Антисиклон ё худ бодчарханд аслан истилоҳи инглисии Anticyclone буда, туғёни азими атмосфериро меном анд, ки шакли гирдбод дорад ва дар натиҷаи боло рафтани фишори ягон минтақаи атмофера (атмофера - воҳиди ғайрисистемавии фишор, ки тақрибан ба фишори атмосферӣ дар руйи Замин баробар аст) ба вуҷуд меояд.
Антисиклон то ҳазорҳо км доман паҳн мекунад ва он дар тропосфера муштарак бо сиклон вусъат меёбад. Антисиклон ва сиклон қисмҳои даврзании умумии атмосфера мебошанд, ки боиси мубодилаи байнимарзии ҳаво мегарданд. Баъзе антисиклонҳо чанд шабонарӯз, ҳатто чанд ҳафта вуҷуд дошта метавонанд.
Антисиклонҳо ҳам мисли сиклон ба самти интиқоли умумии ҳаво, яъне аз Ғарб ба Шарқ, лекин бо тамоюле ба тарафи арзҳои поён ҷой иваз мекунанд. Суръати миёнаи интиқоли антисиклон дар Нимкураи Шимолӣ то 30 км/соат, дар Нимкураи Ҷанубӣ то 40 км/соат, дар Осиёи Марказӣ тобистон то 49 км/соат, зимистон то 60 — 65 км/соат мерасад.
Дар Нимкураи Шимолӣ бод дар атрофи маркази антисиклон ба самти ақрабаки соат ва дар Нимкураи Ҷанубӣ баръакси он ҳаракат мекунад. Омӯхтани пайдоишу ҳаракати антисиклон барои пешгӯии обу ҳаво ниҳоят муҳим аст.
Посух бо истифода аз матолиби Интернет омода шуд.
P.S. Хонандагони азиз! Шумо метавонед дар бораи ҳар истилоҳе роҷеъ ба ҳавошиносӣ, ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ суол кунед. Коршиносону мутахассиони Кумита омодаанд ба суолоти Шумо посух диҳанд. Пурсишҳоро шумо метавонед ба ин суроға ирсол намоед: savol@khf.tj