Сел дар Сангвор: Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Муовини аввали Раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён ба минтақаи офатзадаи Сангвор қарор дорад. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин муовини Вазири нақлиёти кишвар низ шомил аст. Дирӯз сел бахше аз роҳи мошингард ва пулеро дар деҳаи Ёзғанди ноҳия хароб кард.

14 июли сол  2019 дар соати 15 : 30 бар асари боришоти шадид дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд, воқеъ дар  километри 47 роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Сангвор сел омад, ки бар асари он пул ва роҳи мошингард дар километри 57 хароб гардид.  Ҳамчунин сел қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро пахш кард. Аммо селоб ва лойқа бештар ба заминҳои кишти ҷамоат зарар овард. Ин офати табиӣ қурбонӣ надошт. 

Барои ташкили кор ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи кории Кумита бо сарварии Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва муовини Вазири нақлиёти кишвар ба минтақаи офатзада рафтанд.  Дар ноҳия барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои сели азим нерӯҳо ва воситаҳои зарурӣ равона карда шуданд. 

Сарвари КҲФ дастур дод, ки якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Сангвор ба тартиби фаврӣ корҳои наҷот ва бартарафсозӣ  поён дода шаванд.

Дар айни замон корҳои барқарорсозӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офат идома дорад. Барои муайян кардани зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад. 

барчасп: