октября 2021

Ҳалокати 124 нафар дар 9 моҳ аз ҳодисаҳои фавқулодаи вилояти Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкили як ҷаласа фаъолияти Раёсат, инчунин шўъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо давоми нӯҳ моҳи соли 2021-ро натиҷагирӣ кард. Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуд. Баъдан  муовини сардори Раёсат...

Тамринҳои наҷот дар баландии то 3900 метр аз сатҳи баҳр. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Раёсати хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани шаҳодатномаҳо барои наҷотдиҳандагоне, ки як давраи омӯзиширо пушти сар гузоштанд, баргузор шуд.

Ин омӯзишҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуданд.

Заминларза: Марказ Афғонистон. Дар Душанбе қувваи он 2 балл буд

Чанд лаҳза пеш, наздик ба соати 13:00 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифт ашуд. Маркази заминларза 280 километр ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе  2 баллро ташкил дод.
Дар натиҷа ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта

COVID-19: Шумори олудашудагон аз 236 миллион гузашт

Шумори гириифторон ба КОВИД-19 ба 236 миллиону 067 ҳазору 619 нафар расидааст ва 4 миллиону 820 ҳазору 816 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ҳафт кишваре, ки шумори бештарин мубталоён ба коронавирус доранд:

Диққат! Озмун!

Ассамблеяи Генералии СММ рӯзи 13-уми октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон кардааст ва ҳадаф мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконест, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Сеюмин конфронси ҷаҳонии...

Ҳамлаи хукҳои ваҳшӣ ба ситораи поп Шакира дар Барселона

Ду хуки ваҳшӣ (гурози ёбоӣ) дар парки Барселона ба ситораи мусиқии поп Шакира ҳамла карданд ва сумкаи ӯро, ки дар дохилаш телефонашро гузошта буд, бо худ гирифтанд ва ба самти ҷангал фирор карданд. Баъдан муяссар шуд, ки сумкаи дастии овозхонро пайдо кунанд. 

Дар ин бора Шакира дар саҳифаи худ дар “Инстаграм” навишт.

Бинед, ки мастӣ ба куҷо бурд

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи гузашта, 1-уми октябр соати 06:40 дақиқа навбатдори фаврии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ хабар дод, ки дар соҳили дарёи Панҷ, дар ҳудуди деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як ҷасад намоён аст.
Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати

Пирӯзии навбатии волейболбозони КҲФ

Ин ҳафта даври навбатии бозии волейбол миёни дастаҳои вазоратҳо ва идораҳо ба анҷом расид, ки тими идораи наҷот кишвар низ дар он ширкат дошт.

Ин мусобиқаҳои варзиши бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва даври навбатии он дар толори варзиши Муассисаи давлатии мактаби махсуси захираҳои олимпии №5 баргузор шуд.

Наҷоти 7 нафар дар як лифти харобшуда. Дар дувуним сол имдодгарони Кумита 63 нафарро дар лифтҳои вайрон наҷот додаанд

1 – уми октябри соли 2021 як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт лифт аз кор мондаву дохили он 7 нафар мондаанд ва ҳеч илоҷи баромадан надоранд.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Диққат: Озмун!!!

Телевизиони «Баҳористон» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳар сол  - 13 октябр ҷашн гирифта мешавад, Озмуни телевизионии расмҳои...

Страницы