Ду хуки ваҳшӣ (гурози ёбоӣ) дар парки Барселона ба ситораи мусиқии поп Шакира ҳамла карданд ва сумкаи ӯро, ки дар дохилаш телефонашро гузошта буд, бо худ гирифтанд ва ба самти ҷангал фирор карданд. Баъдан муяссар шуд, ки сумкаи дастии овозхонро пайдо кунанд.
Дар ин бора Шакира дар саҳифаи худ дар “Инстаграм” навишт. Вай ягон расмеро аз ҳамлаи хукҳои ваҳшӣ дар саҳифааш нагузоштааст, аммо расми сумкаи хоколуда ва ифлосшударо бо навори видеоӣ ба намоиш гузоштааст.
Сароянда мегӯяд: “Бубуинед, ду гурози ваҳшӣ дар парк ба ман ҳамла карданд ва сумкаи маро ба ин ҳол овардаанд”,-ва сумкаро намоиш медиҳад.
Ва баъдан рӯ ба писараш меорад ва мегӯяд: “Милан, ҳоло ту рости гапро бигӯ, ки модари ту бо ду хуки ёбоӣ чӣ гуна мубориза бурд”.
Ҳамлаи хукҳои ёбоӣ дар парки Барселона ҳодисаи нодир нест. Соли 2016 пулис 1187 шикоят аз одамон аз ҳамлаи ин ҳайвони ваҳшӣ дарёфт кардааст.
Соли 2013 як корманди пулис хост аз таппонча ба сӯи хук тир холӣ кунад, вале тири вай ба ҳамкору ҳамраҳи худаш расид.
Гурозҳои ёбоӣ танҳо дар Барселона даст ба девонагӣ намезананд. Аз он ки шаҳрҳои бузург бо афзоиши аҳолӣ қаламрави маскуниро зиёд мекунанд, ин гуна ҳайвонҳо низ чунин муносибатро таҳаммул намекунанд ва онҳоро низ лозим меояд барои ҳуқуқҳои худ мубориза баранд ва дар ҳоли хашм ба одамон дармеуфтанд.
Ин ҳайвонҳо ҳамеша барои инсонҳо бехатар нестанд. Баъзан ҳодисаҳое ҳам рух медиҳанд, ки сабаби хандаву истеҳзои мардум мешаванд. Чунончӣ, соле пеш як хуки ёбоӣ сумка ва ноутбуки як БАРАҲНАГАРДИ (натурист) олмониро рабуд. Ба ин марди саропо урён лозим омад бо тани бараҳна аз паси ҳайвон давад ва ҳамаро ба ханда водорад.
ГУРОЗИ ЁБОӢ Ё ХУКИ ВАҲШИИ АВРУОСИЁӢ, навъе аз хукҳо буда, гузаштагони аксари хукҳои хонагӣ ба шумор меравад. Ин ҳайвони ваҳшӣ аслан бумии минтақаҳои шимолӣ ва марказии Аврупо ва ноҳияҳои баҳри Миёназамин (аз ҷумла кӯҳҳои Атлас дар шимоли Африқо) ва бештар манотиқи Осиё аст. Насли ин ҳайвон дар шимоли Африқо ва бархе аз нуқоти Аврупо дар ҳоли нобудии комил мебошад.
Гуроз бо кумаки инсон ба баъзе нуқоти дигари дунё, аз ҷумла бахшҳое аз Иёлоти Муттаҳида, Аргентина ва низ Австралия ворид шудааст. Гуроз ё хуки ваҳшӣ дорои нохунҳои дарозе ҳаст, ки дар сурати таҳдиди хатар аз онҳо истифода мекунад.