Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташкили як ҷаласа фаъолияти Раёсат, инчунин шўъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо давоми нӯҳ моҳи соли 2021-ро натиҷагирӣ кард. Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуд. Баъдан муовини сардори Раёсат полковник Анварҷон Қосимов ҳисоботи фаъолияти Раёсат ва шўъба ва бахшҳои Раёсати вилоят дар шаҳру ноҳияҳо дар давраи ҳисоботиро ба самъи ҳозирин расонид.
Анварҷон Қосимов зимни таҳлили давраи ҳисоботии Раёсат зикр намуд, ки дар ҳудуди вилоят 516 ҳодисаҳои фавқулодда хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 124 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд, маблағи зарари расида аз ҳодисаҳои мазкур ба иқтисодиёти вилоят 29 миллиону 499 ҳазору 144 сомониро ташкил додааст.
Вай дар қиёс иброз дошт, ки дар ҳамин давраи соли 2020 дар қаламрави вилоят 481 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 104 нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Маблағи зарар 46 миллиону 30 ҳазору 689 сомонӣ буд.
Дар давраи нӯҳ моҳи соли 2021 дар ҳудуди вилоят 10 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 22 нафар ба ҳалокат расидаанд, дар ҳамин давраи соли 2020 дар ҳудуди вилоят 7 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ сабт шуда, маблағи зарар расида 42 миллиону 766 ҳазору 607 сомониро ташкил дод. Дар ин ҳодисаҳо 3 нафар қурбон шуда буданд.
Сипас, сардори Раёсат фаъолияти шуъбаҳои як қатор шаҳру ноҳияҳоро таҳлил намуд ва барои бартараф кардани баъзе камбудиҳо дастурҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин полковник Баҳром Додиён вазифаҳои семоҳаи ояндаро муайян кард. Вай изҳор дошт, ки тирамоҳ ҳам меравад ва зимистон фаро мерасад, фасли сармову яхбандиҳо ва кормандони наҷот беш аз ҳар вақти дигар омодагиҳои ҷиддӣ барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ дошта бошанд.
Шаҳзода Бутаева