Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи гузашта, 1-уми октябр соати 06:40 дақиқа навбатдори фаврии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ВМКБ хабар дод, ки дар соҳили дарёи Панҷ, дар ҳудуди деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як ҷасад намоён аст.
Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар ВМКБ соати 06:53 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, тахминан соати 07:15 дақиқа ҷасадро аз соҳили дарёи Панҷ бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Маълум гардид, ки он ҷасади як сокини 51-солаи деҳаи Бодум, ҷамоати деҳоти Қ.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа будааст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 30-уми сентябри соли равон тахминан соати 16:00 дақиқа марҳум ва як сокини шаҳри Хоруғ дар ҳолати мастӣ дар болои пули марказии бозори шаҳри Хоруғ ба ҳам моҷаро кардаву баъди як кашмакаш ба дарёи Ғунд сарозер шуда буданд.