Тамринҳои наҷот дар баландии то 3900 метр аз сатҳи баҳр. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Раёсати хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани шаҳодатномаҳо барои наҷотдиҳандагоне, ки як давраи омӯзиширо пушти сар гузоштанд, баргузор шуд.

Ин омӯзишҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуданд.

Шаҳодатномаҳоро ҷонишини Сарраёсати мудофиаи граждании КҲФ полковник Х.Вализода ва Менедҷери Барномаи эътидоли марзи Тоҷикистон бо Афғонистони Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Антони Мисс супурданд.

Ин машқи омӯзишӣ дар маркази сайёҳиву кӯҳгардии “Аловиддин”-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, баргузор шуд. Ҳангоми машқҳо наҷотдиҳандагон то баландии 3900 метр аз сатҳи баҳр боло шуданд ва шеваҳои наву муосири амалиётҳои наҷотро тамрин карданд. 

Ҳадафи ин давраи омӯзишӣ мутобиқ шудан ба шароити баландкӯҳҳо ва баланд бардоштани самаранокии амалиётҳои ҷустуҷӯву наҷот дар сурати рух додани офатҳои табиӣ буд.

барчасп: