феврали 2021

Марги мармуз. Ҳувийяти ҷасаде, ки дар Чошкандез пайдо шуд, маълум нагардид

14 феврали соли 2021 соати 11:03 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар ВМКБ хабар расид, ки дар ҷазирачаи байни дарёи Панҷ воқеъ дар деҳаи Чошкандези ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон ҷасади шахсияташ номаълум пайдо шудааст.

Барои баровардани ҷасад аз дохили дарё дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар МВКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.

Covid-19: Амрико ва Британия мегӯянд Чин ба фиристодагони СҶТ дастрасии комил ба маълумоти рӯзҳои аввалро надодааст

Сафи гирифторон ба вируси корона дар олам ба  109 миллиону 413 ҳазору 506 нафар расид. Зарфи як шабонарӯз боз 103 208 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Шумори ҷонбохтагон 2 миллиону 412 ҳазору 141 нафар эълон шуд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам 3 001 нафар ҷони худро аз ин беморӣ аз даст доданд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 81 миллиону 663 ҳазору 427 нафар муолиҷа шуданд. Ҳоли 98 639 нафар вазнин

“Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ”

“Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ” дар алоҳидагӣ барои харидории таҷҳизоти бинои Хадамоти зидди жола дар асоси усули “шопинг” озмун эълон менамояд:

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 25 феврали соли 2021.

Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз почтаи электронии...

Шанбегӣ дар Раёсати Душанбе

Барои иҷрои талаботи барқияи телефонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2021 ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хурамгардонии пойтахт ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  ва воҳидҳои сохтории он шанбегии умумӣ

Шаҳринав: Ҳам санҷиш ва ҳам ободонӣ

11 феврали соли 2021 дар ноҳияи Шаҳринав бо мақсади баланд бардоштани  савияи донишини ҳайати фармондеҳони ситодии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав машқи махсуси тактикӣ дар мавзӯъи: «Амали нерўҳои ғайриҳарбӣ ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои вафқулодда ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ 5 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ, 180

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам ба 109 миллион наздик мешавад. Беш аз 2 миллиону 395 ҳазор ҷон бохтаанд

Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 108 миллиону 778 ҳазору 502 нафар олудаи ба вируси корона шудаву аз он 2 миллиону 395 ҳазору 405 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумори пурра муолиҷашудагон ба 80 миллиону 952 ҳазору 660 нафар расидааст ва ҳоло дар бемористонҳои олам 99 888 нафар дар ҳоли фазнин қарор доранд. Дар Тоҷикистон чун рӯзҳои пеш ягон ҳодисаи сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашдааст.

Ширкат дар корҳои ободонии Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон  рўзҳои  4-6 феврали соли 2021 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашари дастаҷамъона гузаронд. Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кордани каналҳо, селроҳаҳо, селпартоҳо, сойҳо ва заҳбуру заҳкашҳо бо тариқи ташкили ҳашари дастаҷамъӣ 5602 нафар кормандони ташкилот, муассисаҳо, ҷамоатҳои...

Санҷиши омодагиҳо ба заминларзаҳои эҳтимолӣ дар Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади санҷиши сатҳи омодагӣ, дониш ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъиятҳо дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди...

Covid-19: Дар Швейтсария як афшонаи димоғӣ ихтироъ карданд, ки мегӯянд баъди 30 сонияи истифода қодир аст то 90 дарсад шумори ҳиссаҳои вирусро кам кунад

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба  108 миллиону 298 ҳазору 668 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 378 ҳазору 873 нафар ҷон бохтанд. 100 ҳазору 956 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Тибқи оморҳои дигар ҳам гирифторӣ ва ҳам марг бар асари коронавирус дар Аврупо коҳиш меёбад. Дар 20 кишвари ин минтақа аз 18 то 31 январ беморӣ аз 13 то 11 нафар ба ҳар 100 ҳазор  кам шудааст.

Роҳандозии корҳои таблиғотии коҳиши хатари офатҳо дар Конибодом

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуш, коҳиши хатарии офатҳои табиӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва пешгирикунанда   идома доранд. Чунин чорабиниҳои мухталиф аз тарафи кормандони бахши Раёсати вилоят дар шаҳри Конибодом бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳо ба роҳ монда шуданд.

Аввалин бозии футбол миёни тими КҲФ ва ВКД дар соли 2021

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдат, дар мусобиқаи варзишии футболи хурд байни кормандони вазоратҳо, шуъбаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ширкат намуданд. Онҳо бозии аввалини худро бо дастаи Вазорати корҳои дохилӣ анҷом доданд.

Заминларзаи нимишабӣ дар Тоҷикистон. Талафоти ҷонӣ ва хисорат нест

11 феврали соли 2021 с оати 03:31 дақиа дар қаламрави кишвар заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.  Маркази он 100 километрии ҷанубу шаҳри Душанбе, 14 километр аз шаҳри Кӯлоби вилояти буд.

Қувваи он дар марказаш 4 балл, минтақаи Кӯлоб балл  3 балл буд.

Страницы