14 феврали соли 2021 соати 11:03 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар ВМКБ хабар расид, ки дар ҷазирачаи байни дарёи Панҷ воқеъ дар деҳаи Чошкандези ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон ҷасади шахсияташ номаълум пайдо шудааст.
Барои баровардани ҷасад аз дохили дарё дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар МВКБ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.
Наҷотбахшон ҷасадро аз об берун оварданд ва дар ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мошини ёрии таъҷилӣ супурданд.
Ҳуввияти ғарқшуда ва сабаби ин ҳодиса мушаххас нашудааст. Дар сурати дастрас шудани маълумот иловатан хабар хоҳем дод.