Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 108 миллиону 298 ҳазору 668 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 378 ҳазору 873 нафар ҷон бохтанд. 100 ҳазору 956 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Тибқи оморҳои дигар ҳам гирифторӣ ва ҳам марг бар асари коронавирус дар Аврупо коҳиш меёбад. Дар 20 кишвари ин минтақа аз 18 то 31 январ беморӣ аз 13 то 11 нафар ба ҳар 100 ҳазор кам шудааст.
Сарвари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен шикасти сиёсати тақсими воксан миёни кишвраҳои узвро эътироф кард. Мавсуф, ки ахиран дар Парламони Аврупо суханронӣ мекард, гуфт, ки соҳибмансабон вақти татбиқи воксанкунии аҳолӣ сигналҳои расида аз тавлидкунандагонро нодида гирифтанд. Истеҳсолкунандагони воксани зидди коронавирус ба онҳо расонда буданд, ки корхонаҳои тавлиди ин воксанҳо иқтидори сари вақт тавлид кардани ин миқдор воксанро надоранд.
Мутахассиси биологияи математикӣ аз Донишгоҳи Бата Кристиан Йейтс мегӯяд кулли вируси корона, ки ҳоло дар саросари олам сайр дорад, дар як банкаи нӯшокии газдор меғунҷад ва ҳатто боз дар он ҷойи холӣ ҳам боқӣ мемонад. Барномаи машҳури ВВС Radio 4 "Бештар ё камтар” аз ин олим хоҳиш крадааст, ки назарашро дар мавриди ҳаҷми ғунҷоиши вируси SARS-CoV-2 дар олам иброз дорад.
Дар минтақаҳои Италия рӯзи панҷшанбе, 11 феврал эмкунии кормандони пулис ва хадамоти сӯхтор оғоз шудааст. Моҳи январ дар ин кишвар аввал духтурон, солмандон ва кормандони хонаҳои пиронсолон эм карда шуда буданд. Воксанкунии сартосарӣ ройгон ва ихтиёрист, вале давлат ба сокинон тавсия медиҳад ҳатман воксан гиранд. Қарор аст то охири соли 2021 90% сокинон эм карда шаванд.
Дар Швейтсария як афшонаи димоғӣ барои мубориза бо коронавирус ихтироъ карданд, ки мегӯянд баъди 30 сонияи истифода қодир аст то 90 дарсад шумори ҳиссаҳои вирусро кам кунад. Аз сӯи дигар ин дору на танҳо зидди COVID-19, балки барои мубориза бо вирусҳои дигар низ метавонад истифода шавад.
Маҷористон ба эмкунии аҳолӣ бо воксани русии "Спутник V" оғоз кард. Духтурони ин кишвар мегӯянд кулли сокинони то 75-сола, ки касалиҳои куҳна надоранд, бо ин воксан эм карда хоҳанд шуд.
Вазорати тандурустии Исроил ният дорад, ки бо истифода аз як навъ фишор ҳарчи бештар шаҳрвандонро барои эмгузаронӣ алайҳи ковид ҳавасманд кунад. Соҳибмансабон ният доранд вақтҳои наздик баъзе намуди тафреҳҳои манъшударо барои сокинон баргардонанд, вале дастрасии онро барои касоне, ки эм накарданд, душвор хоҳанд кард. Аз ҷумла маҳдуд кардан барои истифода аз варзишгоҳҳо ва толорҳои варзиш, истифода меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ширкат дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ...
Украина расман сабти воксани русии зидди коронавирусро дар ин кишвар манъ кард.
То рӯзи 11 феврали соли равон шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Қувваҳои мусаллаҳои Русия беш аз ду ҳазор нафар эълон шуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1007 нафар мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Қирғизистон эълон крад, ки то 12 феврали соли равон дар кишвар 85 328 нафар ба вируси корона гирифтор шуданд.
Шумори мубталоён аз аввали ҳамагирӣ дар Ӯзбекистон ба 79 303 нафар расид.