Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон рўзҳои 4-6 феврали соли 2021 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашари дастаҷамъона гузаронд. Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кордани каналҳо, селроҳаҳо, селпартоҳо, сойҳо ва заҳбуру заҳкашҳо бо тариқи ташкили ҳашари дастаҷамъӣ 5602 нафар кормандони ташкилот, муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 13204 нафар аҳолӣ, 184 адад нақлиётҳои гуногунтамға ҷалб гардида, корҳои наррас ба анҷом расонида шуд.
Аз он ҷумла, 66782 метр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд, дар масоҳати 750 м2 симтурҳо хобонда шуданд, санг оврадаву ба ҷойҳои зарурӣ хобонда шуд, 11145 метр роҳро сангфарш карданд, 13846 адад дарахтони гуногун шинонда шуданд, 12160 метр роҳҳои селгузар тоза карда шуданд ва ғайра.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000 литр сўзишвории дизелӣ фиристод, ки дар корҳои ободониву пешгирӣ аз ҳалатҳои фавқулода ва коҳиши хатар дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кўшониён, Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон, Балхӣ, Ҷайҳун, Дўстӣ, Данғара ва Восеъ истифода карда шуд.
М.Муйдинов, Раёсати Хатлон