феврали 2021

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз барфу боронҳо ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Борон меборад, дар кӯҳҳо ва минтақаҳои назикӯҳӣ барф мерезад.

COVID-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки то охири моҳи феврал ба Тоҷикистон 732 ҳазор доза воксани AstraZeneca/Oxford ворид хоҳад кард

Дар олам 110 миллиону 840 ҳазору 990 нафар олуда ба коронавирус шуданд ва аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 452 ҳазору 623 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 141 ҳазору 530 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштанд ва аз он 5 505 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 85 миллиону 791 ҳазору 347 нафар эълон шуд ва дар айни замон 95 684 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Боздидҳо дар қисмҳои низомӣ

Ҷиҳати шарҳу эзоҳи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулини Дастгоҳи марказии Кумита ва намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Кумита вохӯриҳо ва суҳбатҳои муфиду судманд гузаронида шуд.

Мизи мудаввар бахшида ба 110 – солагии пайдоиши кӯли Сарез (ВИДЕО)

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор гардид. Мавзӯи нишаст "110-солагии кӯли Сарез, роҳҳои такмили системаи назорат ва огоҳии бармаҳал" буд.

Тӯфони шадиди зимистонӣ дар Амрико: Қатъи неруи барқ шумори фавтидагонро зиёд кард

Тӯфони басо шадиде, ки бо барфи шадид ҳамроҳ буд, зиндагиро дар иёлотҳои ҷанубии ИМА ба мушкил рӯ ба рӯ сохт ва то кунун сабаби марги ҳаддиақал 21 нафар шуд ва миллионҳо нафарро бе неруи барқ гузошт. Хонаҳо сард, кӯчаҳо пур аз барф, сармо ва боди шадид. Аз ин офат бештар аз дигар иёлот Техасс ҷабри зиётар дид. Ин ҳамон иёлотест, ки  маъмулан системаи энержии он тавони бардошти истифодаи ногаҳонии беш аз

Ҷойҳои намоёни Раёсати КҲФ дар Хатлон дар мусобиқоти варзишии байни сохторҳои қудратии вилоят

Рузи 16 феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон мусобиқаи бисёрҳарбаи варзишии байни сохторҳои қудратии вилоят дар намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, тирпаронӣ, кор бо силоҳ, давидан ба масофаи 100 метр гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи варзишии турникашӣ ҷойи якум насиби...

Оғози як давраи омӯзиши барои имдодгарони Раёсати Хатлон

Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, инчунин баланд бардоштани тахассуси воҳидҳои наҷот дар Раё            сати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои 16 нафар наҷотбахшон як давраи омӯзишӣ оғоз...

Оғози сохтмони Маркази нави идораи ҳолатҳои буҳронии КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ "Таҳкими инфрасохтори муҳим барои таъмини устуворӣ ба офатҳои табиӣ" сохтмони бинои Маркази миллии...

Covid-19: Чин хабар дод, ки чанд гурӯҳи қаллобони фурӯши воксанҳои қалбакиро боздошт кардааст

Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам  109 миллиону 703  ҳазору 622  нафар ва ҷонбохтагон 2 миллиону 419 ҳазору 986 нафар эълон шуд. Дар шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 986 сироятшудаи нав ва 3 971 фавтида аз ин беморӣ сабт гардид. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 84 миллиону  403 ҳазору 885 буда, ҳоло дар саросари олам 98 181 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Ҳам машқ ва ҳам ободонӣ

Вақтҳои охир ҳама машқу тамринҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои ободониву пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳамроҳ роҳандозӣ мешаванд. Яъне, мутасаддиён, наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳалҳое, ки дар минтақаҳои осебпазир зиндагонӣ мекунанд, қоидаҳои бехатариро меомӯзанд ва ҳамзамон барои пешгирӣ аз ҳар гуна...

Ситоди ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои наврӯзиро иҷозат дод, вале бо баъзе истисноҳо

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ...

Бузургтарин инфиҷор ва сӯхтор дар Ҳироти Афғонистон. 500 мошин хокистар шуд, беш аз 70 нафар зарар диданд (ВИДЕО)

Ин ҳодиса дирӯз дар Ислом-Қалъаи вилояти Ҳироти Афғонистон рух дод ва дастаи сӯхторнишонҳои минтақа аз уҳдаи хомӯш кардани забонаи оташ набаромад. Баъдтар ҳукуматдорони Эрон ба нуқтаи гумрукӣ мошинҳои сӯхторнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ фиристоданд. Танҳо рӯзи дуюм муяссар шуд, ки оташ хомӯш карда шавад. Мақомот мегӯянд ҳаҷми зарари расида ҳисоб мешавад.

Страницы