Оғози сохтмони Маркази нави идораи ҳолатҳои буҳронии КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади татбиқи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ "Таҳкими инфрасохтори муҳим барои таъмини устуворӣ ба офатҳои табиӣ" сохтмони бинои Маркази миллии идоракунии бӯҳронҳо оғоз гардид. Лоиҳаи мазкур 5 августи соли 2017 ба имзо расида, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бино сеошёна хоҳад буд. Бинои нав дорои як толори фаврӣ бо ҷойҳои кории автоматикунонидашуда барои мутахассисони навбатдор, инчунин таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои саривақтии вазифаҳо хоҳад буд.

Ғайр аз ин, Марказ бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз карда мешавад ва он барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани идораи зиддибӯҳрон, қобилияти арзёбии хавфҳои пайдошаванда ва вокуниши сареъ ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳад кард.

Ғайр аз ин дар бинои нав имкониятҳои Марказро барои баргузории ҳар гуна видеоконфронсҳо васеъ мекунад. Ин имкон медиҳад, ки тамоми мақомоти ҳаррӯзаи идоракунии ҷумҳурӣ, хадамоти навбатдорӣ, гурӯҳҳои наҷот ва мақомоти иҷроия дар як вақт ба алоқа пайваст шаванд.

Қарор аст ин бино то моҳи феврали соли 2022 сохта ва ба истифода дода шавад.

барчасп: