Дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ, Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе, инчунин баланд бардоштани тахассуси воҳидҳои наҷот дар Раё сати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои 16 нафар наҷотбахшон як давраи омӯзишӣ оғоз шуд.
Дар давоми 26 рӯз наҷотбахшон малакаҳои худро дар амалӣ намудани усулҳои муосири амалиёти наҷот бо истифодаи як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ такмил медиҳанд. Таълимро устодони касбӣ мегузаронанд. Имдодгарон аз нигоҳи назариявӣ донишҳои худро такмил медиҳанд, дар амал бо ёрии воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот омӯхтаҳои худро дар амал месанҷанд ва малакаву маҳорати худро беҳтар мекунанд.
Ҳадафи ин тамрин баланд бардоштани сатҳи дониш ва омодагии имдодгарон ба ҳама гуна офатҳои табиӣ, наҷот додани шаҳрвандон ва вокуниши онҳо ба ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ва техногенӣ, баланд бардоштани омодагиҳои ҷисмонии онҳо мебошад.