Вақтҳои охир ҳама машқу тамринҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои ободониву пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳамроҳ роҳандозӣ мешаванд. Яъне, мутасаддиён, наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳалҳое, ки дар минтақаҳои осебпазир зиндагонӣ мекунанд, қоидаҳои бехатариро меомӯзанд ва ҳамзамон барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳаводиси ғайримунтазира як силсила корҳои ободониву пешгирикунандаро ҳам ба иҷро мерасонанд.
Рӯзҳои 13-14 феврали соли бо ҷалби зернизоми вазифавии низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар селроҳаи деҳаи Гулобод, ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ машқи махсуси тактикии пешгирӣ аз офатҳои табиӣ гузаронида шуд.
Дар машқи мазкур 60 нафар сокинони деҳа, 1адад экскаватор, 5 адад автомашинаи "КАМАЗ" ҷалб шуда, ба тариқи ҳашар, аз селроҳа зиёда 500 метри мукааб қум, шағал ва санг бароварда шуд.
Дар машқи мазкур 300 литр сӯзишвории дизелӣ аз ҳисоби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 литр сӯзишвории дизелӣ аз ҳисоби аҳолӣ масраф карда шуд.
Машқи махсуси тактикӣ бо роҳбарии сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Ҷамшед Камолов гузашт.
Маврид ба таъкид аст, ки зиёда аз 30 хоҷагиҳои деҳаи Гулобод зери хавф қарор доштанд. Дар ин рӯзҳо ба тариқи ҳашар бо ҷалби 1 борбардор, 1 адад автомашинаи "Зил", 1 адад экскаватор, 1адад автомашинаи "КАМАЗ" ва 20 нафар аҳолии деҳаи Машъали ҷамоати деҳоти Чоргултеппа корҳои тозакунии селроҳа ин деҳа гузаронида шуд.
Фазлиддин Назарзода