Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам 109 миллиону 703 ҳазору 622 нафар ва ҷонбохтагон 2 миллиону 419 ҳазору 986 нафар эълон шуд. Дар шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 986 сироятшудаи нав ва 3 971 фавтида аз ин беморӣ сабт гардид. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 84 миллиону 403 ҳазору 885 буда, ҳоло дар саросари олам 98 181 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.
Биологҳои молекулавии Фаронса ба ин натиҷа расидаанд, ки штамми Африқои Ҷанубии коронавирус бо антитела назар ба гунаҳои дигар хубтар муқовимат мекунад.
Билохира, баъди баррасиҳои басо тӯлониву баҳсҳои илмӣ Аврупо ба хулосае омад, ки воксани русии "Спутник V" аз воксанҳои дигар бартариҳои зиёд дорад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ин воксан таъсири манфӣ надорад. Вақтҳои охир Русия Аврупоро ба ҳайрат овардааст: ин кишвар армуғонҳои зиёде дар системаи ҳарбиву тавлиди силоҳҳои мудерн, тибб ва ғайра доштааст, ки пештар Ғарб онҳоро нодида мегирифт. Нашрияи австриягии Wiener Zeitung навштааст, ки ҳоло мушаххас шудааст, ки воксани русӣ хеле пуртаъсиртар аз воксанҳои дигар аст.
Директори Пажӯҳишгоҳи миллии бемориҳои аллергӣ ва уфунии ИМА Энтони Фаучи дар айни замон воксанҳо на барои ҳамаи гунаҳои коронавирус таъсирбахшу муассиранд, аз ин рӯ, набояд хатарҳоро нодида гирифт.
Дар Канада таваҷҷуҳи давлатҳои зиёд ба воксани русии "Спутник V"-ро пирӯзии дипломатӣ ва тибии Федератсияи Русия номиданд.
Британия эълон кард, ки рӯзи душанбе шумори нав сироятёфтагон ба вируси корона ба даҳ ҳазор ҳам нарасид. Дар 24 соати сипаришуда 9765 нафар чун мубталои нав сабт шуданд. Хабар дода мешавад, ки дар ин кишвар ба истилоҳ “ковид-меҳмонхонаҳо” ба фаъолият оғоз кардаанд. Дар ин меҳмонсароҳо қарор аст одамоне, ки аз 33 кишвари олам вориди Британия мешавад, муддати муайян карантин шаванд. Дар даҳ рӯзи карантин меҳмон 1750 фунт (наздик ба 178 ҳазору рубл) пардохт мекунад.
Прокуратураи Чин дар бораи боздошти 70 қаллобе хабар дод, ки амалашон ба воксан аз коронавирус дахл дорад. Яке аз гурӯҳҳои муттаҳам ба ин ҷиноят аз фурӯши ғайриқонунии наздик ба 58 ҳазор доза воксани қалбакӣ наздик ба 3 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Як гурӯҳи дигар дар шакли воксан аз коронавирус оби минералӣ фурӯхтааст. Дар баъзе аз ин ҳолатҳо бо воксанҳои қалбакӣ соҳибонашонро дар беморхонаҳо эм кардаанд, дар ҳолатҳои дигар ин воксанҳоро дар хориҷ фурӯхтаанд. Дар интибот ба қаллабон 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Покистон моил аст дар корхонаҳои дорусозии худ воксани русии "Спутника V"-ро истеҳсол кунад. Ин кишвар моҳи феврали соли равон воксани "Спутника V"-ро барои истифода иҷозат дода буд. Покистон 22-умин кишвари олам аст, ки дар қаламрави худ воксани русии "Спутника V"-ро ба қайд гирифт.