Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдат, дар мусобиқаи варзишии футболи хурд байни кормандони вазоратҳо, шуъбаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ширкат намуданд. Онҳо бозии аввалини худро бо дастаи Вазорати корҳои дохилӣ анҷом доданд. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт. Дӯстӣ ғолиб шуд.
Ҳадафи ин бозиҳо таблиғ ва рушди варзиш, таъмини хусусияти оммавии варзиш ва солимгардонӣ мебошад.