Шанбегӣ дар Раёсати Душанбе

Барои иҷрои талаботи барқияи телефонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2021 ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хурамгардонии пойтахт ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  ва воҳидҳои сохтории он шанбегии умумӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Кормнадони Раёсат гирду атрофи биноро рубучин карданд, гулу буттаҳои ҳавлии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат, шўъба ва бахшҳои ноҳиявии онро ба тартиб дарварданд.

Шохаҳои хушкидаи дарахтонро ҷамъоварӣ карданд, бехи дарахтонро нарм карданд ва онҳоро аз алафҳои бегона пок намуданд. Дарахтони ҳамешасабзи арча, гули садбарг ва дигар гулҳои ороишӣ дар шаҳраки таълимӣ (минтақаи Харангон) шинонданд.

Соҳилҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва партовҳо тоза карданд, тирезаҳои утоқҳои биноҳои шаҳраки таълимиро тоза карданд.

Бо маҳлули гипохлориди натрий 0,5% утоқҳои корӣ, ошхона, долону роҳравҳо, зинапоояҳоро безарар гардонидаанд.

 О.Фахриддинзода