августа 2020

26 соли КҲФ: Татбиқи барномаи рушди Кумита барои солҳои 2018 - 2022

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №284 аз 31 майи соли 2018 “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2022”, (минбаъд - Барнома) тасвиб шуд. Барнома бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки такомул ва таъмини рушди босуботи минбаъдаи Кумита таҳия ва тасвиб шудааст.

Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон муҳтарам Мишел Аун

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон муҳтарам Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути

Дарсҳо дар муассисаҳои омӯзишии кишвар бо назардошти ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ рӯзи 17 август оғоз мешаванд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо назардошти ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯз аз оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимии мамлакат хабар дод. Қарор аст рӯзи 17 август дар кулли муассисҳои оливу миёнаи кишвар дарҳо оғоз шаванд. Рӯзи анъанавии дониш ва сулҳ, ки ҳар сол дар оғози соли нави таҳсил баргузор мешуд, дар ҳамин рӯз доир мешавад.

Сovid-19. Баррасии масъалаҳои омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуриявӣ

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”  ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, ки рӯзи 5 август таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид,  тадбирҳои омодабошӣ ҷиҳати ташхис ва муолиҷаи беморон, захира ва нигоҳдории маводи доруворию маҳлулҳои

Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари тозатаъини намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

4 августи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Рустам Назарзода сарвари тозатаъини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Бахтигул Карриеваро ба ҳузур пазируфт.

26 СОЛИ КҲФ: Татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019 - 2030

Барномаи қолабии Сендай оиди коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, ки дар Конференсияи сеюми умумумиҷаҳонӣ оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ дар ш. Сендай (Ҷопон) 18 марти соли 2015 қабул шуда буд, тавсия менамояд, ки то соли 2020 шумораи кишварҳое, ки стратегияи миллии худро оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ қабул намудаанд, зиёд карда шавад.

COVID-19: Мубталоён дар олам 18 миллиону 705 ҳазор. Дар Тоҷикистон 7583 нафар. Вазири тандурустӣ мегӯяд чораҳои беҳдоштӣ тақвият мешаванд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шуда, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7583  нафар расидааст. Манбаъ боз гуфтааст, ки то 4 августи соли равон дар мамлакат  6356 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд.

Марг баъди наҷот. Як навраси 17-сола баъди наҷот аз об дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон бохт

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 - уми августи соли равон, соати 12:00 як навраси 17-сола, сокини кӯчаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар об ғарқ шудааст. Ин ҳодиса дар дарёи Душанбе, наздикии Маркази гармидиҳии №2, воқеъ дар маҳаллаи Хоҷамбиёи поён рух додааст.

Дар садамаи мошини “Опел” 4 нафар ҳалок шуданд ва ду нафар захмӣ. Аксари онҳо узви як хонадон будаанд

Як мошини тамғаи “Опел” ахиран дар ҷарии умқаш то 100 метр фурӯ рафта ва 3 мусофири мошин ва ронандаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду тани дигар бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфта ва духтурон мегӯянд ҳоли онҳо низ чандон хуб нест. Аз ному насаби ҳалокшудагон ва захмбардоштагон бармеояд, ки аксари онҳо узви як хонадонанд.
Ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 3-уми августи соли 2020

Оғози давраи нави омӯзишӣ барои кормандони КҲФ

Дар доираи татбиқи “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо”, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд татбиқ мекунад ва бо мақсади такмили ихтисоси кормандони КҲФ дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе барномаи омӯзишии компутерӣ оғоз гардид.

Тамрини махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хоруғ

Тибқи нақшаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар масъалаи мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 кормандони Раёсат дар ҳудуди шаҳри Хоруғ машқи тактикӣ гузарониданд. Тамрини мазкур дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарӣ, қувваҳо ва воситаҳо дар пешгирӣ аз паҳншавии

Наздик ба 18 миллион сироятшудагон ба Covid-19 дар олам. Австралия, ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд дар гирдоби хатар

Институти Ҷонс Ҳопкинз хабар дошт, ки шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар саросари олам ба 18 миллион нафар наздик мешавад. То кунун бештар аз 685 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Сирояти вирус ҳоло бештар дар чандин минтақаи олам, аз ҷумла Австралия, ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд густариш меёбад.

Страницы