Барномаи қолабии Сендай оиди коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, ки дар Конференсияи сеюми умумумиҷаҳонӣ оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ дар ш. Сендай (Ҷопон) 18 марти соли 2015 қабул шуда буд, тавсия менамояд, ки то соли 2020 шумораи кишварҳое, ки стратегияи миллии худро оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ қабул намудаанд, зиёд карда шавад. Ба асоси самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои ҷаҳонии Барномаи қолабии Сендай барои солҳои 2015-2030 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди босубот чораҳои муассир меандешад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” (минбаъд- Стратегияи миллӣ) тасвиб шуд.
Дар доираи Стратегияи миллӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ дар солҳои 1997 – 2018 таҳлил карда мешаванд. Илова бар ин тарафҳои қавӣ ва заифи раванди идоракунии хатарҳо арзёбӣ ва ба ҳолати омодагӣ ва аксуламал ба фалокатҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.
Стратегияи миллӣ ба коҳиши хатарҳои мавҷуд ва пешгирии хатарҳои нави фалокатҳои табиӣ бар мабнои таҳкими иқтидори миллӣ ҷиҳати идоракунии хатарҳои фалокатҳои табиӣ нигаронида шудааст.
Татбиқи афзалиятҳо ва вазифаҳои ҳадафманди Стратегияи миллӣ марҳала ба марҳала то соли 2030 сурат мегирад ва таҳияву қабули барномаҳоро барои солҳои 2020-2022, 2023-2026 ва 2027-2030 пешбинӣ менамояд.
Чунин бархӯрд имкон медиҳад, ки иқдомоти воқеъӣ ва муассир муайян ва захираҳои маблағгузорӣ ҷиҳати дастгирии чорабиниҳои дар нақшаҳо воридшуда барои марҳалаҳои дуюм ва сеюми татбиқи Стратегия миллӣ сафарбар шаванд.
Инчунин нақшаи мазкур имкон медиҳад, ки чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, нишондодҳои мақсаднок ва маблағгузорӣ бо дарназардошти пешравии ба даст омада ва ё иваз шудани афзалиятҳо таҷдиди назар шаванд.
Бо роҳбарии Платформаи миллӣ мунтазам раванди мониторинг ва арзёбӣ сурат мегирад, ки ба татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлат ва вазифаҳои дарозмуддати Стратегияи миллӣ мусоидат менамояд.
Барномаи миёнамӯҳлат оид ба татбиқи Стратегияи миллӣ барои солҳои 2020-2022 ба асоси афзалиятҳои калидӣ ва вазифаҳои мақсадноки Стратегияи миллӣ бо дарназардошти бархӯрдҳои ҷадиди Барномаи чавкотии Сендай ва Мақсадҳои рушди босубот то соли 2030 ва иваз шудани таваҷҷӯҳ аз идоракуниии фалокатҳо ба идоракунии хатари фалокатҳои табиӣ, афзудани нақши омили гендерӣ, интегратсия ва иштироки бахши хусусӣ дар сиёсат таҳия шудааст.
Барнома аҳдоф, вазоиф ва самтҳои фаъолият, инчунин механизми татбиқи онро дар давраи миёнамӯҳлат то соли 2022 муайян мекунад.
Мақсади Барнома таҳким ва рушди иқтидори миллӣ ҷиҳати коҳиши хатарҳои мавҷуд ва пешгирии хатарҳои нави фалокатҳои табиӣ мебошад.
Афзалиятҳои асосии Барнома чунинад:
- беҳтар намудани фаҳмиши хатари фалокатҳои табиӣ ба асоси тавсеаи донишҳо дар бораи сабабҳои хатарҳо;
- такмил додани чаҳорчӯбаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии низоми идоракунии хатари фалокатҳои табиӣ;
- маблағгузории чорабиниҳо оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ бо мақсади таҳкими иқтидори аксуламал бо онҳо;
- баланд бардоштани омодагӣ ба фалокатҳо ҷиҳати таъмини аксуламали муассир ва маъмул сохтани чораҳои аксуламал дар фаъолияти вобаста ба бозсозӣ, эҳёгарӣ ва таҷдидсозӣ.
Нақшаи фаъолият барои солҳои 2020-2022 ба такомули заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи бархӯрдҳои нави методологӣ оиди идоракунии хатарҳои фалокатҳои табиӣ, сохтани модели мониторинг ва арзёбӣ, ки тавоноии гузоштани асоси мустаҳкамро барои расидан ба ҳадафҳои матраҳшуда ва вазифаҳои Стратегияи миллӣ дошта бошанд, равона шудааст.
Таваҷҷӯҳи афзалиятнок ба пурзӯр намудани чораҳо дар самти коҳиши хатари фалокатҳо, баланд бардоштани суботи ҳаётии аҳолӣ ва таҳкими инфрасохтор бо дарназардошти масъалаҳои одат намудан ба дигаргуншавии иқлим, хусусан дар сатҳи маҳаллӣ, таҳия ва маъмул намудани методологияҳои асосноки илмӣ ва воситаҳо барои ба ҳисоб гирифтани маълумот дар бораи талафот аз фалокатҳои табиӣ бо дарҷи ҷинс, синну сол, маъюбӣ ва иттилооти дигари оморӣ, такмил додани моделсозӣ, арзёбӣ, харитасозӣ, ва мониторинги хатарҳои фалокатҳои табиӣ ва низоми огоҳсозии пешакӣ, ки анвоъи мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, мутамарказ шудааст.
Татбиқи Стратегияи миллӣ ва Барномаҳо дар давраи то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷет пешбинишуда, маблағгузориҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Манбаъ: Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҶТ дар соли 2019.
Муфассалтар: ШАРҲИ... https://khf.tj/node/2297