Дар садамаи мошини “Опел” 4 нафар ҳалок шуданд ва ду нафар захмӣ. Аксари онҳо узви як хонадон будаанд

Як мошини тамғаи “Опел” ахиран дар ҷарии умқаш то 100 метр фурӯ рафта ва 3 мусофири мошин ва ронандаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду тани дигар бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфта ва духтурон мегӯянд ҳоли онҳо низ чандон хуб нест. Аз ному насаби ҳалокшудагон ва захмбардоштагон бармеояд, ки аксари онҳо узви як хонадонанд.

Ин ҳодиса субҳи бармаҳали рӯзи 3-уми августи соли 2020 дар километри 79-уми шоҳроҳи Душанбе - Рашт - Ҷиргатол рух додааст. Тибқи хабари расида ронандаи сисола Хӯҷавалӣ Комилов, сокини деҳаи Шаҳринави ноҳияи Тавилдара аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва мошин  ба санги канори роҳ бархӯрда, ба умқи ҳудудан 100 метр сарозер шудааст. Ин мошин субҳи бармаҳал аз ноҳияи Рашт ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат будааст. 

Афсарони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади фавтидагонро аз ҷарӣ берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд. 

Исми фавтидагон:

1.Комилов Хӯҷавалӣ соли таваллуд 1990 истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав.
2.Комилов Сайвалӣ соли таваллуд 1996 истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав.
3. Комилов Нуралӣ соли таваллуд 1960 истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав.
4. Хоҷаев Наврӯз соли таваллуд 2003 истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав.

Ҷароҳатбардоштагон:

1. Хоҷаев Раҷабалӣ, соли таваллуд 2001 истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав.
2. Хоҷаев Муҳаммадҷон истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, деҳаи Шаҳринав.

барчасп: