августа 2020

Ҷасади зане, ки бо се фарзандаш худкушӣ карда буд, пайдо шуд. Дар Роштқалъа ҳам як марди баркамол даст ба худкушӣ задаст

Аз дирӯз, ки хабари худкушии як сокини сисолаи ноҳияи Рашт бо се фарзанди ноболиғаш интишор ёфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо нафар изҳори назар карданд, ки дар давоми рӯз хулосае аз он навиштаҳоро ин ҷо хоҳем кошт. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд имдодгарон ҷасади занро пайдо карданд, вале ду фарзанди дигари ӯ ҳамоно нопадиданд. Дар ин бахш хабарҳои дигаре ҳам аз фавти афрод дар обҳои кишвар дорем,

Сӯхтор дар Лучоб. Талафоти ҷонӣ нест. Сабабҳои он таҳқиқ мешавад

15 августи соли 2020, соати 13:39 дақиқа навбатдори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнинонии  ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд, ки дар кўчаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз алафҳои хушкшудаи теппа сўхтор ба амал омадааст. Соати 13:42 дақиқа ба ҷои ҳодиса гурўҳи 1 Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат иборат аз 5 нафар сафарбар шуданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сола шуд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - инҳо касоне мебошанд, ки омодаанд ба ҳар дарду ба ҳар кулфат, ба ҳар нохӯшиву дар ҳар офат дар паҳлӯи мардум бошанд! 26-умин сол аст, ки наҷотдиҳандагон рӯзи 17-уми августро чун иди касбии худ медонанд ва аз он таҷлил мекунанд. Соли 1994 маҳз дар ҳамин рӯз бо қарори Шӯрои Вазирони

Тантанҳо дар Хатлон бахшида ба рузи таъсисёбии Кумита

17 августи соли 2020 бо ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он бахшида ба 26 - умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ дар толори Раёсат гузаронида шуд.

Пешгирӣ аз сироят ба КОВИД-19. Корҳои таблиғотӣ дар Суғд

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус имрӯзҳо дар ҳамаи гӯшаву канори кишварамон чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вусъати тоза мегирад. Мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулони сохторҳои давлатӣ ба хотири коҳиш додани сатҳи беморӣ бевосита дар маҳаллаҳо бо сокинон мулоқотҳо доир менамоянд. Аммо воқеъияти ҳол нишон медиҳад,

Фоҷеаи хонаводагии дигар. Ин бор дар ноҳияи Рашт. Як зан худро бо се кӯдакаш ба дарё андохт

Як сокини 30-солаи ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт  бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб андохтааст. Ин фоҷеа соати 12:20 дақиқаи рӯзи 16-уми августи соли равон рух додааст. Наҷотдиҳандагону ғаввосони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт фавран дар ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон шуданд.  
Дар ҷараёни ин кофтуковҳо имдодгарон шаш километр

Мудҳиштарин фоҷеаи рӯз. Ҳалокати як хонаводаи чорнафара дар Айнӣ, ки мехостанд бо заврақи худсохт дарёро убур кунанд

Фоҷеаи мудҳиш. Хонаводае иборат аз 4 нафар ба ҳам ба коми дарё рафтанд. Зарфи ҳаддақал як даҳсолаи охир ин минтақа ин гуна фоҷеаро ёд надорад. Ёдашон ба хайр!

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  рӯзи 14 августи соли равон, тахминан соати 09:50 дақиқа 4 нафар сокинони деҳаи Махшевад...

Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт

Имрӯз баъди як бемории начандон тӯлонӣ  Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ аз олам даргузашт. То ин лаҳзаҳо шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъзияи шогирдону мухлисон ва алоқамандони шеъри Гулназар пур шуд. Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шинохтатарин адибони кишвар аст, ки миёни ҳаводорони каломи баъдеъ аз маъруфияти хос бархӯрдор аст. Дар назму наср қувва озмудаву ҳамеша...

КҲФ: Тавсияҳои нави Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар пешгирӣ аз коронавирус (ВИДЕО)

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус КОВИД-19 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон тавсияҳои нави Созмони ҷаҳонии тандустиро пешниҳод мекунад.

Ин тавсияҳо дар шакли навори видеоӣ омода шудаанд ва дар саҳифаи мо дар Youtube низ ҷо дода шудааст.

Хабарҳои ин соат. Кашфи маводи тарканда дар Рашт. Навраси ғарқшуда дар канали Сталин ва...

Рӯзи 12 августи соли равон тақрибан соатҳои 16:00 дақиқа кормандони Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт ба Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рашт хабар доданд, ки  дар мазеъи маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт  дар умқи тақрибан 1 метр маводи нотаркида ба мушоҳида расид.

Аз ҷониби афсарони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Мулоқоти генерал Назарзода бо сарварони ду созмони байналмилалии муқими кишвар

12 августи сол 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенат Рустам Назарзода роҳбарони ду ташкилоти байналмилалии муқими кишварро ба ҳузур пазируфт.

Дар аввал Сарвари КҲФ бо Директори дафтари Намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Баррасии татбиқи системаи «DesInventar Sendai» дар як семинари онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ҳамкорӣ бо Хазинаи таҳқиқотии «CIMA» ва Маркази осиёии омодагиҳо ба офатҳо  (ADPC) аввалин семинари муқаддимавии онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказиро баргузор набуд, ки ба системаи «DesInventar-Sendai» барои ҷамъоварии муттасил, ҳуҷҷатикунонӣ ва таҳлили маълумотҳо дар иртибот ба талафот бар асари офатҳо бахшида шуда буд.

Страницы