17 августи соли 2020 бо ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он бахшида ба 26 - умин солгарди таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ дар толори Раёсат гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур Муовини Раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У. ва Муовини Раиси Кумита полковник Салимзода М. иштирок намуда, табрикоти раиси Кумитаро ва Раиси вилояти Хатлонро ба иштирокчиёни чорабинӣ расонидаанд.
Дар ин чорабинӣ истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён Махкамов Манучеҳр директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №42 ноҳияи Кӯшониён, ки санаи 2 августи соли 2020 чор нафар шаҳрвандони ноҳияи Вахшро, ки ба садама дучор шуда дохили канал афтида дар ҳолати ғарқ шавӣ қарор доштанд аз дохили об наҷот дода, ёри аввалини тиббиро расонида буд, ва аз тарафи Раиси Кумита бо медали иштирокчии рафъи ҳолатҳои фавқулодда сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳияи Панҷ подполковник Мирзозода Ҷураҷон бо тантана ба нафақа гусел карда шуд.