Мулоқоти генерал Назарзода бо сарварони ду созмони байналмилалии муқими кишвар

12 августи сол 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенат Рустам Назарзода роҳбарони ду ташкилоти байналмилалии муқими кишварро ба ҳузур пазируфт.

Дар аввал Сарвари КҲФ бо Директори дафтари Намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбург Росс, ки кораш дар Тоҷикистонро ба анҷом расондааст, мулоқот кард. 

Дар ин дидор Сарвари КҲФ ба хонум Валбург Росс барои фаъолияти самаранок дар замони ҳузураш дар Тоҷикистон ба ҳайси Директори Иҷроияи Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар кишвари мо изҳори сипос кард ва ҳиссаи ӯро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ баланд арзёбӣ намуд. Сарвари идораи наҷоти кишвар ҳамчунин изҳори умед кард, ки хонум Росс аз Тоҷикистон бо таассуроти хуб бармегардад. 

Дар навбати худ хонум Росс ҳамкориҳои наздики Дафтари намояндаии Швейсария оид ба ҳамкориҳо ва КҲФ-ро баланд арзёбӣ намуд ва гуфт: “Бахусус қобили таваҷҷуҳ аст, ки масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнони КҲФ мебошад, ки барои мо низ аввалият дорад ва мо дар ин масоил ба ҳамкориҳои худ идома хоҳем дод”.

Дар хотима Сарвари КҲФ бори дигар хонум ба Росс изҳори ташаккур кард ва барояш дар фаъолиятҳои ояндаи ӯ бурдбориҳо таманно намуд. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин роҳбари Намояндагии Кумитаи Байналмилалӣӣ Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолинро ба ҳузур пазируфт. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва чораву тадбирҳо бар зидди паҳн шудани коронавирус баррасӣ шуданд. 

Дар поёни мулоқот дар мавриди мусоидати Салиби Сурхи Байналмилал ба Кумита дар мавриди ташкили дарсҳои омӯзишӣ дар мавзӯъи ёриҳои равонӣ ва омодасозии кормандон барои интиқоли ҷасадҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамчунин расонидани воситаҳои ҳимояи шахсӣ барои КҲФ мувофақа ҳосил шуд.

барчасп: