Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ҳамкорӣ бо Хазинаи таҳқиқотии «CIMA» ва Маркази осиёии омодагиҳо ба офатҳо (ADPC) аввалин семинари муқаддимавии онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказиро баргузор набуд, ки ба системаи «DesInventar-Sendai» барои ҷамъоварии муттасил, ҳуҷҷатикунонӣ ва таҳлили маълумотҳо дар иртибот ба талафот бар асари офатҳо бахшида шуда буд.
Дар кори семинари мазкур дар низоми онлайн кормандони Сарраёсати ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд ва Маркази идораи ҳолатҳои буҳронии Кумита ширкат карданд.
Ҳадафи лоиҳаи “Баланд бардоштани устуворӣ ба офатҳо ва тезонидани иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ” буд, ки Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо таҳия намуда, онро Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мекунад.
Дар ҷараёни семинар мутахассисони Хазинаи таҳқиқотии «CIMA» ва Маркази осиёии омодагиҳо ба офатҳо (ADPC) ширкаткунандагонро ба ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаи мазкур шинос намуданд.
Иштирокдорони семинар системаҳои миллии ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи талафот ҳангоми офатҳо, ҷанбаҳои пурқувват ва самтҳое, ки бояд беҳбуд бахшида шавандро барарсӣ карданд. ирокдорондагонро ба ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳаи мазкур шинос намуданд. Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Осиёи Марказӣ"
Зикр бо маврид аст, ки татбиқи системаи «DesInventar Sendai» ба беш аз 90 кишвари олам ёрӣ расондааст, ки системаи устувори идораи иттило дар бораи офатҳо дар иртибот ба мониторинги Барномаи қолабии Сендайро таҳия кунанд.