Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сола шуд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - инҳо касоне мебошанд, ки омодаанд ба ҳар дарду ба ҳар кулфат, ба ҳар нохӯшиву дар ҳар офат дар паҳлӯи мардум бошанд! 26-умин сол аст, ки наҷотдиҳандагон рӯзи 17-уми августро чун иди касбии худ медонанд ва аз он таҷлил мекунанд. Соли 1994 маҳз дар ҳамин рӯз бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ниҳод таъсис шуда буд. 

Имрӯз қувваҳои мусаллаҳи КҲФ бо навтарин техника ва таҷҳизот таъминанд, вале комёбии асосӣ ин ҳамон одамонеанд, ки омодаанд барои наҷоти дигарон ҷони худро дар хатар андозанд.

Дар кишвари мо, чун дар дигар гӯшаҳои олам, мутаассифона ҳолатҳои фавқулода ҳамоно рух медиҳанд. Шиори наҷотдиҳандагон ин аст: “Чун инсонеро дар мусибат дидӣ, ёрӣ расон!”

Инҳоанд қаҳрамонони даврони мо, ки ҷони худро дар хатар меандозанд ва бо истифода аз маҳорату малака қарзи шаҳрвандии худро иҷро мекунанд – ҳаёти одамонро наҷот медиҳанд. 

Наҷотдиҳанда – ин як касби пурифтихор аст ва муҳимтар аз ҳама касбест, ки шуҷоату ҷасорат мехоҳад. Соли 2020 шаҳрвандони зиёди кишвар дар масоили гуногун ба КҲФ муроҷиат карда ва дар ҳама ҳолат ҳар муроҷиаткунанда ёрии лозимро дарёфт кардааст. Танҳо зарфи 7 моҳи соли 2020 имдодгарони Кумита наздик ба 300 маротиба ба дархости кумак посух додаанд ва ҷони 60 нафарро наҷот додаанд. 

Имрӯз, ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур шуд. Бо фармони Раиси КҲФ наҷотдиҳандагон ва кормандони ниҳодҳои дигари Кумита, ки зарфи як соли охир дар хизмат фарқ мекарданд, бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, медалҳо, ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

барчасп: