Хабарҳои ин соат. Кашфи маводи тарканда дар Рашт. Навраси ғарқшуда дар канали Сталин ва...

Рӯзи 12 августи соли равон тақрибан соатҳои 16:00 дақиқа кормандони Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт ба Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рашт хабар доданд, ки  дар мазеъи маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт  дар умқи тақрибан 1 метр маводи нотаркида ба мушоҳида расид.

Аз ҷониби афсарони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва мақомоти дахлдор мазеъи зикршуда зери назорат гирифта шуда ва дар айни замон барои безарар гардондани он чораҳо андешида мешавад.

***   ***   ***

Селе, ки рӯзи 11 август дар километри 250 шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол-Саритош омада, қисман пеши роҳи дарёи Сурхобро баста буд, ду симчӯби интиқоли барқро ҳам хароб карда буд. 

Аз  ҷониби ҶДММ “Данғара сохтмон 10”, ки масъули таъмини бехатарии роҳи мазкур мебошад, як адад нақлиёти муҳандисӣ ҷудо гардида, роҳро ба пуррагӣ аз сангу шағал тоза намуданд.

Ҳамчунин Шабакаи барқии ноҳияи Лахш ду адад симчӯб оварда, симчӯбҳои харобро иваз намуд. Дар натиҷа интиқоли қувваи барқ аз сар гирифта шуд. 

***  ***  ***

 Рӯзи 11 августи соли 2020, тақрибан соатҳои 12:00 дақиқа як навраси 16-сола, сокини шуъбаи сеюми шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бедарак мешавад. Аз ҷониби хешовандон пас аз кофтукови тулонӣ маълум мегардад, ки ӯ ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар канали Сталин ғарқ шудааст.

Субҳи рӯзи 12 августи соли ҷорӣ ғаввосони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар канали Сталин кофтуковҳои зериобӣ гузарониданд, соати 16:30 дақиқа ҷасади номбурда пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.  

Ин 13-уми навраси ғарқшуда дар об зарфи 7 моҳи соли равон дар кишвар мебошад.

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: