Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шуда, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7583 нафар расидааст. Манбаъ боз гуфтааст, ки то 4 августи соли равон дар мамлакат 6356 (83,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 61 нафар фавтидаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 4 августи соли равон дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид.
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва як сислсила масоили дигар мебошад.
Вазири тандурустӣ гуфтааст, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории КОВИД -19 то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории КОВИД-19 пурзӯр карда шаванд.
Шумори мубталоёни ба коронавирус дар ҷаҳон тибқи омори рӯзи 5 август ба 18 705 096 нафар расидааст. Дар як шабонарӯзи гузашта шумори гирифторони КОВИД 19 108 ҳазру 921 нафар афзудааст.
Дар олам аз ин беморӣ то кунун 704 ҳазору 385 нафар фавтидаанд ва теъдоди ҷонбохтагон дар як шабонарӯзи гузашта 3 ҳазору 210 нафар эълон шудааст