Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 284 аз 31 майи соли 2018 “Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022”, (минбаъд - Барнома) тасвиб шуд. Барнома бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки такомул ва таъмини рушди босуботи минбаъдаи Кумита таҳия ва тасвиб шудааст. Дар Барнома чорабиниҳо ҷиҳати рушди мақомоти минтақавии Кумита, инчунин беҳтар намудани фаъолияти Низоми воҳиди давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва имкониятҳои мақомоти ҲФ ва МГ дар соҳаи таъмини муҳофизати аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд.
Мутобиқи нақша Барономаи мазкур дар ду марҳала татбиқ хоҳад шуд. Марҳалаи аввали он солҳои 2018 – 2020 ва марҳалаи дуюми он солҳои 2021 - 2022 -ро дар бар мегирад.
Татбиқи Барнома ба корҳои зерин мусоидат хоҳад кард:
- баланд бардоштани иқтидори Низоми воҳиди давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, инчунин Кумита дар соҳаи муҳофизати аҳолӣ ва қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маҳфузияти аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳои ҲФ;
- васеъ намудани системаи огоҳсозии саривақтии аҳолӣ аз таҳдиди вуқӯъи ҲФ, рушди минбаъдаи системаи маълумотдиҳӣ ва огоҳсозии фаврии аҳолӣ дар ҷойҳои таҷамӯъи одамон;
- инкишофи инфрасохтори иттилоотӣ – телекоммуникатсионии низоми идоракунии хатарҳои ҲФ, инчунин системаи мониторинг ва пешбинии онҳо;
- ташкил намудани дастаҳои наҷотдиҳии сатҳи олии касбии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муоссир ва воситаҳои махсуси техникӣ дар Кумита ва ҷузъу томҳои митақавии он;
- такмили кори омодасозии ҳайати раҳбарикунандаи вазоратҳо, омӯзонидани аҳолии кишвар дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҲФ;
- густариш ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҲФ.
Барнома аз ҳисоби маблағҳои зерин татбиқ мешавад:
- аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла маблағгузории иловагии мақсаднок барои харидории техникаи махсус ва эҳтиёҷоти қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ;
- аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамкор;
аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (дар доираи татбиқи барномаҳои рушди вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар мувофиқа бо Кумита таҳия шудаанд.
Дар марҳалаи аввали татбиқи Барнома чорабиниҳои зерин гузаронида ва амалӣ шудаанд:
- Такмил додани заминаи меъёрӣ - ҳуқуқӣ:
- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳофизати гражданӣ” таҳия ва ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии рушд коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва хулосаҳои худро пешниҳод намуданд;
- дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ” аз 2 январи соли 2019, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хадамоти садамавӣ – наҷотдиҳӣ, дастаҳои садамавӣ – наҷотдиҳӣ ва мақоми наҷотдиҳандагон” аз 2 январи соли 2019 ва дар Низомномаи Кумита, ки бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 ва 1 ноябри соли 2019 тасдиқ шудааст, тағйирот ва иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд;
- Низомнома дар бораи Комиссияи интиқолдиҳӣ ва таркиби он дар таҳрири нав таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 тасвиб шуд;
- “Тартиби гузаронидани аттестатсияи хадамот ва дастаҳои садамавӣ – наҷотдиҳӣ, гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва шаҳрвандони дорои мақоми наҷотдиҳанда” таҳия ва бо фармоиши раиси Кумита тасдиқ шуд.
- Ислоҳ ва такомули сохтори Кумита:
ҷиҳати такмил додани фаъолият дар соҳаи ҲФ ва МГ, беҳтар намудани ҷадвали штатҳо ва сохтори Кумита, ба асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 29 ноябри соли 2017, ҳайати шахсии дастаҳои наҷотдиҳии аксуламали сареъ дар вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёд карда шуд, инчунин барои сари вақт гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ - наҷотдиҳӣ дар водии Зарафшон гурӯҳи махсусгардонидашудаи наҷотдиҳӣ ташкил ёфт. Ситодҳои ҲФ ва МГ -ӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба шуъбаҳо ва зершуъбаҳои Кумита табдил ва миқдори штатҳои онҳо зиёд карда шуд;
- лоиҳаи сохтумон ва муҷаҳҳаз намудани Маркази омодасозии ғаввосон-наҷотдиҳандагон дар ш. Норак, ки барои омода намудани ғаввосон - наҷотдиҳандагон, дастаҳои ҷустуҷӯйӣ – наҷотдиҳӣ, ғаввосон-наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ дар махзанҳои бузурги об (Роғун, Норак, Қайроқум) ба маблағи умумии 4 млн. 900 ҳаз. доллари ИМА таҳия ва ба ҳамкорони хориҷӣ ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод шуд;
- муштаракан бо намояндагони ИА, САҲА ва Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди зарурӣ ҷиҳати оғози сохтумони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, ки дар он омодасозии наҷотдиҳандагон аз Афғонистон низ ба нақша гирифта шудааст, таҳия ва имзо шуданд;
- муштаракан бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд татбиқи лоиҳаҳои сохтумон ва таҷҳизонидани МИҲБ дар ш. Душанбе ва вилоятҳо, навсозии системаи мониторинг ва тавсеъаи минтақаи огоҳсозии саривақтии Кӯли Сарез, иваз намудани локаторҳои Хадамоти зидди жолаи Кумита шурӯъ шудаст.
3. Омӯзонидан ва бозомӯзии кадрҳо:
- ҷиҳати такомули омодасозии касбӣ, бозомӯзӣ ва баланд намудани маҳорати кормандони Кумита, инчунин иртиқоъи сатҳи омӯзиши аҳолӣ, маълумотнокии ҳайати раҳбарии мудофиаи гражданӣ, муҳофизати аҳолӣ ва ҳудудҳо, зерсистемаҳои Низоми воҳиди давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҲФ, бо дастгирии Бунёди Шоҳ Салмон (Арабистони Саъудӣ) бинои нави 3 табақаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумита, ки ҷавобгӯи талабот ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст, сохта ба истифода дода шуд;
бо мақсади баланд намудани маҳорати касбӣ, бозомӯзӣ, такомули малакаи кормандон ва омӯхтани таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҲФ 113 нафар корманди Кумита дар 40 вохӯрӣ, курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо, тенингҳо ва машқҳои муштарак дар хориҷи кишвар иштирок намуд, инчунин 24 курси омӯзишӣ, семинар ва тренинг дар дохили ҷумҳурӣ бо иштироки 232 корманд ташкил карда шуд;
- дар Академияи мудофиаи граждании КҲФ ва Академияи умуминизомии Кувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия 25 донишҷӯ ва корманди Кумита, инчунин дар Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 донишҷӯ таҳсил мекунад.
4.Таҳкими иқтидори хадамоти наҷотдиҳии Кумита:
- бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти хадамоти наҷотдиҳии Кумита ва таҳкими иқтидори техникии онҳо дар доираи Созишномаҳо ва лоиҳаҳои барномавии имзошуда, Ҳукумати Япония, Ҷумҳурии Халқии Хитой, кишварҳои дигари маблагузор ва ташкилотҳои байналмилалӣ техника ва таҷҳизоти махсуси садамавӣ – наҷотдиҳӣ, ба шумули- воситаҳои нақлиёти инженерӣ ва наҷотдиҳӣ, сервер, планшетҳо, компютерҳо, ноутбукҳо, принтерҳо, таҷҳизоти назоратӣ, дастгоҳҳои суратгирӣ, балангӯякҳо, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, таҷҳизоти зарурии садамавӣ – наҷотдиҳӣ, хаймаҳо, мебел, асбобу анҷом барои дафтари кумаки равонӣ, баста барои пок намудани силоҳ ба маблағи умумии 104 млн. 418 ҳаз. 265 сомонӣ (10 млн 945 ҳаз. 310 доллари ИМА) ба Кумита ҳамчун кумаки билоиваз тақдим намуданд;
дар ноҳияҳои Сангвор, Файзобод, Норак ва ш. Роғун барои Кумита қитаъҳои замин барои сохтумони бунгоҳҳои сукунати муваққатӣ барои зарардидагон ва одамони кӯчонидашуда, бо дастгирии Агентии Оғо Хон оид ба Хабитат, ҷудо карда шуданд. Сохтумони Бунгоҳ дар ноҳияи Сангвор дар марҳилаи анҷомёбӣ мебошад;
- барои сохтумони бинои асосӣ ва машқгоҳи таълимии Хадамоти ҷумҳуриявии низомикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ дар ш. Роғун 0,2 га замин барои Кумита ҷудо шудааст ва чораҳо ҷиҳати таъмини фаъолияти Хадамоти мазкур бо мақсади гузаронидани корҳои зидди садамавӣ ва наҷотдиҳӣ дар иншооти зеризаминӣ андешида шудаанд.
5. Рушди мақомоти минтақавии Кумита:
- бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва беҳтар намудани шароити кори мақомоти минтақавии КҲФ ва МГ бинои Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз таъмири асосӣ бароварда шуд;
барои ташкил намудани захираҳои ғайри маводи озуқаворӣ ва истифодабарӣ дар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон ҳангоми фалокатҳои табиӣ, ду маркази кумакрасонӣ дар ноҳияҳои наздисарҳади бунёд ва сохтумони ду анбор барои нигоҳдории кумакҳои башардӯстона барои зарадидагон дар Афғонистон дар ш. Леваканти вилояти Хатлон ва ш. Хоруғи ВМКБ дар доираи лоиҳаи ПРООН СММ ва кумаки молии Ҳукумати Япония шурӯъ шудааст. Захраҳои ташкилшаванда эҳтиёҷоти тахминан 10
Манбаъ: Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҶТ дар соли 2019.