4 августи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Рустам Назарзода сарвари тозатаъини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Бахтигул Карриеваро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус дар қаламрави кишвари мо, ҳамчунин имкониятҳое, ки СҶТ дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкилот дар ин самт дорад, мавриди суҳбат қарор гиифт.
Хонум Карриева дар чораву тадбирҳое, ки Кумита дар пешгирӣ аз коронавирус меандешад, баҳои баланд дод.
Сарвари КҲФ зикр намуд, ки инкишофу тавсеаи минбаъдаи амалҳои якҷояи КҲФ ва СҶТ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти дуҷониба ба шумор меравад.
Дар поёни мулоқот дар мавриди тартиб додан ва чопи варақаву китобчаҳои иттилоотӣ, омӯзиш додани кормандони тибии КҲФ барои мубориза бо КОВИД, ташкили конфронсҳои видеоии такмили ихтисоси кормандон бо ҷалби таҳлилгарони байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муҳими барои ҷонибҳо пурманфиати боло бурдани сатҳи иттилоънокии аҳолӣ дар мавриди бемориҳои сироятӣ баррасӣ шуданд.