Дарсҳо дар муассисаҳои омӯзишии кишвар бо назардошти ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ рӯзи 17 август оғоз мешаванд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо назардошти ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯз аз оғози дарсҳо дар муассисаҳои таълимии мамлакат хабар дод. Қарор аст рӯзи 17 август дар кулли муассисҳои оливу миёнаи кишвар дарҳо оғоз шаванд. Рӯзи анъанавии дониш ва сулҳ, ки ҳар сол дар оғози соли нави таҳсил баргузор мешуд, дар ҳамин рӯз доир мешавад. Вазорати маориф барои барҳам додани ҳама сӯитафоҳумҳо “Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзим дониш ва дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – таҳия ва интишор додааст, ки он бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ карда шудааст. Шумо метавонед бо ин санади муҳим, ки бар пояи ба назар гирифтани ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ таҳия шудааст, аз ин ҷо муфассал ошно шавед:

ТАРТИБИ ОМОДАГӢ ВА БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

барчасп: